Ҳимояи диссертатсия

03 апрели соли 2020, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Мирзоев Баҳодур Рустамович дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди ҳавасмандии кормандони бонкҳои тиҷоратӣ ба меҳнат» (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракугнии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

03 апрели соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Тоҷибоева Мавҷуда Негматовна дар мавзӯи «Зуҳуроти нави баргашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити афзоиши ҳаракати байналхалқии қувваи корӣ» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти нуфуз ва демография) баргузор гардид.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ

Рӯзи 27 марти соли 2020 дар толори Шўрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди низоми ояндабинии макроиқтисодӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №156 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Моделсозии равандҳои иқтисодӣ ва Тоҷикистон муосир» баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. кушода, ба диққати иштирокчиён масъалаҳои баррасишавандаи конфронсро расонид.
Дар кори конференсия ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, академики АИ ҶТ – Раҳимов Р.К., академики АИ ҶТ – Қаюмов Н.Қ.,узви вобастаи АИ ҶТ Исламов С.И., намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Бонки миллӣ, Агентии омори назли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳою муассисаҳои илмии кишвар, намояндагии Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

IMG_20200327_091833

 

IMG_20200327_094304

IMG_20200327_091911

IMG_20200327_093843

Ҳимояи диссертатсия

06 марти соли 2020, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Хурамова Замира Маматкуловна дар мавзӯи «Амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои таъмини он» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (амнияти озуқаворӣ) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

06 марти соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Наҷмиддинов Абдусатор Мирзоевич дар мавзӯи «Роҳҳои асосии баланд бардоштани устувории иқтисодии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ» (дар мисоли корхонаҳои хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси  05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯйи соҳаҳо) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

28 феврали соли 2020, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Хоҷаев Диловар Хайриддинович дар мавзӯи «Ташаккули низоми идораи бехатарии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10 – Идоракунӣ дар низоми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

28 феврали соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Умаров Наврузбек Нуруллоевич дар мавзӯи «Танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии берунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти нуфуз ва демография) баргузор гардид.

Семинари илмӣ-назариявӣ

21 феврали соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Рушди минтақаҳо дар консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он мудири бахши иқтисодиёти минтақаҳо – н.и.и. Алимов А.Л. ва ходими пешбари илмӣ – н.и.и., Аминҷонов Р.Р. баромад намуданд.

IMG_20200221_101236

IMG_20200221_102328

Семинари илмӣ-назариявӣ

07 феврали соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар доираи муҳокимаи васеъ ва таблиғоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Самтҳои асосии сиёсати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои дурнамо барои солҳои 2021-2022» баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Бобоев О.Б. баромад намуданд.

IMG_20200207_100218

IMG_20200207_102211

Шӯрои олимон

Рузи 31 январи соли 2020 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ оид ба тарқиб ва иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019.
2. Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаҳо ва ходимони илмии Институт барои соли 2020.
3. Оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Оид ба тасдиқ намудани мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳнамои илмии магистрантони соли якуми таҳсил.
5. Оид ба ҷамъбасти мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2015-2019 «Муҳоҷирати аҳолӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» (рақами бақайдгирӣ №0115TJ00416 аз 28.01.2015)
6. Масъалаҳои ҷорӣ.
6.1. Оид ба даровардани тағйирот ба ҳайати Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ.

IMG_20200131_100334