ҳимояи диссертатсия

2 ноябри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Рузиев Умед Шарафҷонович дар мавзӯи «Идораи моликияти давлатӣ дар шароити дигаргунии иқтисоди бозорӣ» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10.-Идора дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Шӯрои олимон

02 ноябри соли 2018
Рузи 02 ноябри соли 2018 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Вазъи ҷамъбасти натиҷаҳои илмии соли ҳисоботӣ аз тарафи шуъбаҳо, бахшҳо ва ходимони илмии Институт.
2. Дар бораи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ.
3. Масъалаҳои ҷорӣ.

«Хусусиятҳои фаъолияти бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

19 октябри соли 2018 дар толори Шўрои олимони Институти иќтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он д.и.и., профессор Усмонова Т.Ҷ. дар мавзўи «Хусусиятҳои фаъолияти бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

ҳимояи диссертатсияҳо

5 октябри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Сабуров Валишер Дӯстмаҳматович дар мавзӯи «Усулу воситаҳои мукаммалсозии идоракунии низоми минтақавии маъмурикунонии андоз» (дар асоси маводи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.13.10 – Идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

5 октябри соли 2018, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Раҳимов Зафар Сайдалиевич дар мавзӯи «Самаранокии иқтисодии истифодаи захираҳои энергия дар кишоварзӣ» (дар мисоли хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) баргузор гардид.

ҳимояи диссертатсия

29 сентябри соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Собирҷонов Алишер Солеҷонович дар мавзӯи «Истифодаи самараноки сармояи табиӣ дар раванди ташкили истеҳсолоти саноатӣ-инноватсионӣ» (дар мисоли азхудкунии конҳои базалтии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) баргузор гардид.

Шӯрои олимон

28 сентябри соли 2018
Рузи 28 сентябри соли 2018 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Шӯрои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Дар бораи протоколи ҷаласаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2018.
2. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИД дар семоҳаи сеюми соли 2018.
3. Ҳисоботи бахши омори иқтисодӣ ва усулҳои инструменталии таҳқиқот оид ба пешниҳоди варианти мукаммалгардонидашудаи Модели эконометрикии стандартҳои ҳадди аққал (Revised Minimum Standard Model – Extended (RMSM-X)).
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
4.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеӣ – «Экономический и научно–технический потенциал инновационного развития Республики Таджикистан: современное состояние, проблемы и перспективы развития».
4.2. Дар бораи лоиҳаи «Таҳқиқоти нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон».

«Хусусиятҳои фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир»

21 сентябри соли 2018 дар толори Шўрои олимони Институти иќтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он д.и.и. Каримова М.Т. дар мавзўи «Хусусиятҳои фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир» баромад намуданд.

ҳимояи диссертатсияҳо

12 июли соли 2018, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Маҷидова Сарвиноз Комиловна дар мавзӯи «Таъмини баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси муносибати кластерӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) бомувофақият баргузор гардид.

 

12 июли соли 2018, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021, ки дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Киличева Муқадас Мамараҷабовна дар мавзӯи «Мукаммалсозии воситаҳои танзимкунии бозори хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.10 – идоракунӣ дар низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (аз рӯи соҳаҳо) бомувофақият баргузор гардид.

мизи мудаввар

11 июни соли 2018 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ мизи мудаввар оид ба таъсис додани платформаи миллӣ байни бахши хусусӣ ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва коркардҳои илмӣ ҷиҳати рушди саноати меваю сабзавот доир гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҲҶТ, донишгоҳҳои технологӣ ва аграрии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ” ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.